Ғалаба аз болои коронавирус, мумкин аст, то тирамоҳ таъмин гардад.  Ин таъкидро президенти Маркази илмии ҷароҳии дилу рагҳо ба номи А. Н. Бакулаева,  президенти ташкилоти умумурусии «Лига здоровья нации», академики АИР Лео Бокерия дар суҳбат бо ОИР «Новости»  баён доштааст.

— Ман фикр мекунам, то охири тобистон вирусро мағлуб мекунем, — гуфтааст ӯ ба ОИР «Новости».

Сардори «Роспотребнадзор» Анна Попова низ иттилоъ дода буд, ки вазъият дар Русия муътадил буда, дар назар аст, ки 44 минтақа маҳдудиятҳоро сабуктар мекунад.

Гуфта мешавад, ки шумораи фавт аз коронавирус дар як шабонарӯз ҳамоно меафзояд. Новобаста ба поён шудани сатҳи гирифторшавӣ, чунин вазъият идома мекунад.

Дар Русия 353 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта шуда, 119 ҳазор бемор шифо ёфта, то имрӯз 3633 нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here