Сабаби сироят ёфтани ҷавонон ба каронавирус дар он будааст, ки онҳо  муқаррароти худинзиворо (самоизолятсия) вайрон карда, ҳарчӣ бештар ба табиат мебаромадаанд. Дар мавзӯъ мутахассиси бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Русия Елена Малинникова дар барномаи “Соловьев LIVE” ибрози назар кард. 

— Ҳолати гирфторшавии ҷавонон на танҳо дар Маскав, балки дар дигар минтақаҳо низ ба чашм мерасад. Аксарият, “берун ҳаво гарму роҳҳатбахш”, гуфта баромадаанд. Ин аст натиҷаи имрӯза. Новобаста аз ин, дар байни навгирифторшудагон ҳолатҳои вазнин ба қайд гирифта нашудааст, — мегӯяд мутахассис.

Дар Русия 954 ҳолати нави гирифторшавиро дар 49 минтақа ба қайд гирифтаанд, ки 30 кӯдак низ дар ин миён ҳастанд. Ҷойи авввал Маскав (591 бемор) ва сониян рӯйхатро вилояти Маскав (82), Санкт-Петербург (35), Ҷумҳурии Комӣ (31), Ҷумҳурии Тотористон (16), кишвари Краснодар (11) давом медиҳанд.

Қариб 85 дарсади беморони нав аз Маскав буда, онҳо аз 65-сола поён ҳастанд. Дар Русия 6343 сироятёфта аз 80 минтақа ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ҳисоб 406 нафар шифо ёфта, 47 бемор фавтидаанд. Дар ҷаҳон 1,21 миллион мубталои вирус шуда, қариб 67,6 ҳазор вафот кардаанд, овардааст ОИР “Новости”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here