Субҳи 11- уми феврал 54 шаҳрванде, ки қаблан дар шаҳри Вуҳани Чин – маркази хуруҷи вируси корона зиндагӣ мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Қаблан, вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода гуфта буд, ки дар миқёси кишвар 645 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 47 шаҳрванди Чин ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед дар нишасти матбуотии худ таъкид намуда буд, ки комиссияи махсусе дар ин самт таъсис шудаасту шаҳрвандони дар Чин маскунбудаи тоҷик дар наздиктарин фурсат ба ватан баргардонида мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, рӯзи гузашта табибони тоҷик тавассути ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Чин сафар карданд. Аз миёни 54 шаҳрванде, ки ба ватан омаданд, 45 нафарашонро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Аз замони хуруҷи беморӣ донишҷӯёни тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд то онҳоро ба ватан баргардонанд.

Дар назар аст, ки донишҷӯёни баватанбаргашта дар минтақае карантин хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here