Соли 2018 корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон панҷяки нахи пахтаи ҷумҳуриро коркард кардаанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии кишвар иттилоъ медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 корхонаи коркарди пахта фаъолият доранд, ки 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунанд. Аз ҷониби корхонаҳои нассоҷӣ дар Тоҷикистон дар як сол 20 ҳазор тонна нахи пахта коркард шуда, ба маҳсулоти ниҳоӣ расонида мешавад. Гуфта мешавад, ки иқтидори корхонаҳои ресандагӣ солона зиёда аз 70 ҳазор тонна нахи пахта аст.

Мутахассисон қайд мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳар сол майдонҳои кишти пахта ва ҳаҷми истеҳсоли ин зироатро васеъ кардан душвор аст, то он даме, ки коргоҳҳои нави коркарди замонавиро дар кишвар ба роҳ намонанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, дар соли гузашта дар Тоҷикистон 300 ҳазор тонна пахта (3 кг хом — 1 кг нах) ҷамъоварӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар  соли гузашта 93 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 165 миллион доллари амрикоӣ содир кардааст. Харидорони асосии пахтаи Тоҷикистон Туркия, Қазоқистон ва Чин мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2007 дар Тоҷикистон барномаи амалишаванда қабул гардид, ки тибқи он барои оғози коркарди пурраи нахи пахта то соли 2015 пешбинӣ шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here