ҶДММ «Моҳир семент» дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ баъди ба кор шуруъ  карданаш 120 сокини маҳалиро бо ҷойи кор таъамин мекунад.

Мудири бахши меъмори ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Сайдалӣ Маҳмуродов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ бо саҳми соҳибкори  маҳаллӣ сохтмони корхонаи банду басти семент — ҶДММ «Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна семент шабонарӯз то ҷашни «Ваҳдати миллӣ» ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Арзиши сохтмон 360 миллион сомонӣ буда, ба ин васила 120 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

— Дар ин баробар, дар ноҳия коргоҳи дузандагӣ барои 200 ҷойи корӣ, низ ба нақша гирифта шудааст, — гуфт Сайдалӣ Маҳмуродов.

Добавить комментарий