Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар пай танишҳои охир бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва таҳримҳои Ғарб тасмим ба кадом амале дорад, ки чанд сафири давлаташ дар кишварҳои бузурги ҷаҳонро барои маслиҳат фаро хондааст.

Инҳо сафирҳо дар кишварҳои Русия, Чин ва намояндаи доимии ҶХДК дар Созмони Милал мебошанд. Гуфта мешавад, ки чунин ҷаласа-машваратҳо дар Пхенян зуд-зуд баргузор мешаванд.

Рӯзи якшанбе президентҳои ИМА ва Фаронса вазъияти атрофи Кореяи Шимолиро дар гуфтугӯи телефонӣ баррасӣ карданд. Трамп гуфт, ки Вашингтон тасмим дорад, ки «ба зӯргӯии ҳастаии Кореяи Шимолӣ хотима диҳад» ва барои ин лозим ояд аз қувва низ истифода хоҳад кард.

Кореяи Шимолӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта дар вокуниш ба изҳороти таҳдидомези  президенти Америка Доналд Трамп, эълон кард, ки тарҳи ҳамла ба ҷазираи Гуам ба зудӣ такмил ва омодаи иҷро мешавад. Гуам ҷазирае дар Уқёнуси Ором аст, ки таҳти ҳокимияти Америка қарор дошта, қисми зиёде аз таҷҳизоти низомӣ ва неруҳои Америка дар он ҷой доранд.

Добавить комментарий