Фаъолони «Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон» ҳамроҳ бо кормандони мақомоти қудратӣ дар клубҳои шабонаи Самарқанд рейд гузарониданд. Хабар дода мешавад, ки нисбати соҳибони чунин муассисаҳо чораандешӣ шудааст, аммо сарнавишти баъдинаи духтарони боздоштшуда номаълум аст.

Расонаҳо менависанд, дар ҳафт клуби шабонаи Самарқанд чандин қонуншиканӣ ошкор шудааст.

«Барои мисол, клуби «Jeyran» ба фоҳишахона табдил шуда, духтарони наврас онҷо танфурӯшӣ мекунанд. Духтарони нимурён дар пешорӯи меҳмонон рақсҳои беодобона мекунанд», — менависанд расонаҳо.

Яке аз духтарони боздоштшуда, ки 20 сол дорад, дар милисахона гуфтааст, ки вазъи бади хонавода ӯро маҷбур кардааст, бо тани нимабараҳна рақс кунад.

«Як сол аст, ки ба ин кор машғулам. Ман фарзанд дорам. Модарам бемор аст, падарам дар ҳеч куҷо кор намекунад. Дар як шаб то 40-50 ҳазор сӯм (наздики 5 доллар) кор мекунам, ки хонаводаамро бо нон таъмин намоям. Ягон ҳунари дигар надорам, зеро соҳиби маълумот нестам», — гуфтааст раққосаи 20-сола.

Дар рафти рейд 11 духтар дар клубҳои шабонаи Самарқанд боздошт шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here