Дар вилояти Хатлон тибқи нақша имсол бояд дар майдони 122 ҳазор гектар пахта кишт карда шавад.  То рӯзи 12 апрели соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 113 ҳазору 23 гектар пахта кишт кардаанд, ки он беш аз  92 дарсадро ташкил медиҳад.

Мудири шӯъбаи растанипарварии Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон Қудбиддин Ҳалимов гуфт, ки аллакай дурнамои киштро шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Хуросон, Панҷ, Шаҳритус ва ноҳияи Носири Хусрав ба пурагӣ иҷро кардаанд.

Манбаъ афзуд, кишти пахта, ки  зери плёнка гузаронида шудааст, 8879 гектаро ташкил медиҳад.

Кишоварзони вилоят ният доранд, рӯзҳои наздик дурнамои кишти пахтаро сад фоиз иҷро кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here