Ду бародар дар шаҳри Хуҷанд бо ҳам даъво кардаанд, ки яке аз сари хашм ба дигаре бо корд ҳамла карда, ба шикамаш чанд зарба задааст.

Марди 37-солаи сокини шаҳри Хучан, рӯзи 9-уми октябри соли 2018, тахминан соати 19:00, дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш марди 40-сола, даъво роҳ андохта, ҷангу ҷанҷол ҳам кардааст. Дар рафти муноқиша бародари хурлӣ бо корд се маротиба ба шиками бародари бузургаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди кордзанро бо гумони қасдан расонидан зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий