5-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулдасту чит, тоқӣ ва ғайра Фестивали шаҳрии «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад.

Аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки ҳадафи асосии Фестивали мазкур намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму ойинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршуйёну муйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар Фестивали «Чакомаи гесӯ» кӯдакони аз 5-сола боло, духтарону занони бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои намоиши ҳунари хеш даъват кардааст.

Добавить комментарий