Хобгоҳи рақами 6 ва 7-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии  шаҳри Душанбе дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Барои аз наздик ошно шудан ба вазъи хобгоҳҳо хабарнигори Фараж аз он ҷо дидан кард.

Худи бинои хобгоҳ аз берун дар ҳолати ваҳим қарор дорад. Обе, ки дар ошёнаҳои сеюм то якум барои ҳаммому дастшӯӣ истифода мешавад, аз сабаби вайрон будани қубурҳои дастшӯӣ мечакад.

Донишҷӯён аз он шикоят доранд, ки тирезаҳои ҷойи хобашон вайронанду пӯшида намешаванд, дар ҳоле ки фасли сармо дар мекӯбад. Дар баробари ин, ҳаммоми хобгоҳи донишҷӯдухтарон дар ҳолати бад қарор доранд. Гарчанде ҳаммомҳо бо оби гарм таъминанд, аммо вазъи онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 

Сурайё, нафаре, ки масъулияти нигаҳбонии ин ду хобгоҳро ба уҳда дорад, дар суҳбат гуфт, ки ба қавли масъулини Вазорати маориф ва илм ба наздикӣ ин биноҳоро мекӯчонанд. “Чанд рӯз қабл аз Вазорат омада ҳуҷҷатҳои биноро пурсиданд ва гуфтанд, ки ин хобгоҳро ба наздикӣ мекӯчонанд ва ба ҷои он бинои баландошёна сохта мешавад”, — гуфт ӯ.

Дар баробари ин ҳама камбудиҳо, ҷойи хоб ва аз нигоҳи тозагӣ хобгоҳҳо дар ҳолати хуб қарор доранд ва агар ҳамин камбудиҳои дар боло зикргардида ислоҳ карда шаванд,  ҳам хобгоҳҳо зебо ва ҳам донишҷӯён дар фасли сармо азоб нахоҳанд кашид.

Нури Саид

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here