Дирӯз дар шаҳри Бохтар зери роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии омодагии вилояти Хатлон ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар ба роҳ монда шудааст ва ин нишондиҳанда таъсири мусбати худро ба омодагии муносиби давраи зимистони солҳои 2018-2019 аллакай расонидааст. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, омодагии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тибқи хулосаи гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 75%-и иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба давраи зимистонро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки мутаассифона, ҳолати омодагии баъзе соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят то имрӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст. Мутобиқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, сатҳи таъмини захираи хӯроки чорво, аз ҷумла хӯроки ширадор ва дурушт фарогири танҳо 6%-и шумораи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мебошад. Оид ба 94%-и боқимонда, ки ба бахши хусусӣ дахл дорад, Раёсат ягон хел маълумот надорад.

Муовини сарвазир таъкид намуд, ки таъмини қисмҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, сару либос, пойафзол ва захираи маводи сӯзишворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулин бояд дар ин самт корҳоро пурзӯр гардонанд.

Азим Иброҳим мамлакат инчунин ҷиҳати таъмин намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъминоти барқ ба сохторҳои хизматрасон супоришҳои мушаххас дод.

Дар интиҳо муовини сарвазир омодагии умумии вилоятро то имрӯз барои давраи зимистони солҳои 2018-2019 дар сатҳи нокифоя баҳогузорӣ намуда,  ба масъулин супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин камбудиҳои мавҷударо бартараф намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here