Дар вилояти Хатлон давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон 246 ҳодисаи нохуши сухтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расида, 29 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Муовини сардори Раёсати Хатамот давлатии оташнишонии вилояти Хатлон  Раҳматзода Саид  гуфт, ки маблағи зарар аз сухтор   беш 1 милону 596 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи молу мулки аз коми оташ наҷотдода  53 миллиону 506 ҳазору 300 сомонӣ аст.

Сабаби асосии сар задани сухторҳо истифодаи нодурусти асбобҳои барқӣ, газӣ, расиши кӯтоҳ буда, инчунин, 15 ҳодисаи дигар қасдан оташ задан будааст.

Аз 246 ҳодисаҳои нохуши сухтор 21 ҳодиса дар нақлиётҳо ба қайд гирифта шудааст.

— Ҳодисахои сухтор бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 26, Ёвон 18, Кушониён 16,  Вахш 17, Бохтар 14, Восеъ 16 ва ноҳияи Ҳамадони 11 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳодисаи  сухтор кам мебошад, — илова кард Раҳматзода Саид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here