Дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, қариб 5000 иншооти  нав бунёд мегарданд.

Дар ин бора 15 октябр Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар форуми байналмилалии соҳибкорӣ-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» таъкид кард.

Қайд гардид, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ қариб 18 ҳазору 900 иншоот сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Роҳбари мамлакат бунёди чунин шумораи бузурги оншооту биноҳои навро майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат номида, зикр карданд, ки дар натиҷаи он ҷумҳурии азизамон ободу зебо шуда, бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд.

Добавить комментарий