Дар 11 моҳи соли 2018 ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Ёвон, Восеъ, Фархор,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Ховалинг натавонистанд, ки андозро ба пуррагӣ иҷро кунанд.

Зимни тасдиқи ин хабар Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон хабар дод, ки барои иҷро накардани андоз чанде аз роҳбарони нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ховалинг, Вахш, Фархор, Шаҳритус,  Ҳамадонӣ, Қубодиён, Кушониён, Ҷайҳун, Панҷ, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар   шаҳру ноҳияҳо  аз вазифа барканор карда шуданд.

Ба иттилои ӯ дар ин давра дар вилояти Хатлон дар умум 3 намуди андоз иҷро карда нашудаст, ки маблағи он 50, 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфти ӯ, дар маҷмуъ, 30 маротиба роҳбарони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Хатлон аз вазифа озод шуда, ё ҷойҳои худро иваз кардаанд.

Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳбарони нозироти андоз барои иҷро нашудани он ҳатто дар як сол се-чор маротиба иваз карда шудаанд.

Добавить комментарий