Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2018» бо иштироки фаъолони ҳаваскорони санъати ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон даври аввали озмун аз 12 октябр оғоз гардид, ки то 10 ноябр  идома мекунад.

Даври аввали озмун дар маҳалҳо бо салоҳдиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот ва ҳайати  ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, олимону адибон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг ва телевизиону радиои маҳаллӣ баргузор гардида, то нимаи якуми моҳи ноябри соли 2018 ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва ба  Вазорат пешниҳод мегарданд.

Ғолибону иштирокчиёни фаъоли даври аввал ва дуюми  Фестивал-озмунро бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сазовор қадрдонӣ намоянд.

Добавить комментарий