Дар  шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми дуюми занони Евразия дар мавзӯи «Зан ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳон» баргузор гардид.

Дар ин форум аз Тоҷикистон муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ, сардори Кумитаи ҳолатҳои иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Палатаи поёнии парлумон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва роҳбари Раёсати котиботи Кумитаи оид ба илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова иштирок карданд. 

Дар маҷмуъ, дар Анҷумани занони Евразия дар Санкт-Петербур беш аз 3 ҳазор зани сиёсатмадор, олим ва намояндагони фарҳангӣ аз 120 мамлакати ҷаҳон иштирок намуданд. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин низ дар форум баромад карда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва форумро кушода эълон намуд.

13 нафар иштирокчии форум, ки ба сиёсат ва рушди ҷомеа дар кишварҳои худ саҳми сазовор додаанд, сазовори мукофоти ҷаҳонии «Общественное признание-2018» шуданд.

Дар баробари намояндагони Форум аз кишварҳои Федератсияи Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Олмон, Туркия, Ҷопон ва Корея, ба муовини раиси Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон) Хайриниссо Юсуфӣ низ мукофоти ҷаҳони «Общественное признание-2018» дода шуд.

Добавить комментарий