Ҳукумати шаҳри Кӯлоб  тасмим дорад, то охири соли 2018 ва аввали 2019 бо роҳандозии як лоиҳа дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳр, болотар аз партовгоҳи феълӣ, боз як майдони нави партовгоҳро бо ғунҷоиши 830 000 мукааб метр партовҳои сахти маишӣ бунёд намояд.

Ин хабарро 15-уми октябр роҳбари лоиҳаи “партовҳои сахти маишӣ дар Кӯлоб”, Неъматзода Рустам дар сӯҳбат бо хабарнигори мо тасдиқ карда, ҳамчунин илова кард, ки дар доираи созишномаи  нави аз тарафи Бонки  аврупоии таҷдид ва рушд, МИҲД дар шаҳри Кӯлоб ва Идораи хоҷагии манзилию комуналӣ ба имзо расида, дар назар аст, дар майдони нав маркази идорасозӣ ва коркарди партовҳо, муҷаҳҳаз бо технологияи нав бунёд гардад.

Партовгоҳи мазкур аз майдони феълии амаликунанда ба куллӣ фарқ хоҳад кард, зеро тибқи нақшаи мо, тамоми маҳсулоти ба ин майдон воридшаванда раванди коркарди тӯлониро гузашта,  дар ниҳоят ба маҳсулоти “биогаз” табдил хоҳанд ёфт.

Партовгоҳи феълии Кӯлоб, ки соли 2004 ба таври муваққатӣ ба мӯҳлати 10 сол дар майдони 4 га. замин (3 га. замини кишт ва 1 га. чарогоҳ) барои ҷойдиҳии 50 ҳазор метри мукааб  партовҳои сахти маишӣ  бунёд ёфта буд, дар соли 2016 ба маротиб васеъ гардида, наздики 20 гектарро ташкил намуд, ки аз ҳудуди пешбинишуда ба маротиб бештар мебошад. Он аз ду қисмат, майдони қонунӣ (ҳудуди 4 га замин) ва майдони аз он васеътари ғайриқонунӣ иборат аст, ки дар маҷмуъ  беш аз 120 ҳазор метри мукааб партовҳоро дар худ ғунҷонидааст. Ҳарду қисмати майдони партовгоҳ ба КВД Идораи хоҷагии манзилию комуналӣ  тааллуқ доранд.

Добавить комментарий