Дар остонаи истиқбол аз иди Театри тоҷик дар муассисаи давлатии Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, бахшида ба 80-солагии ин даргоҳи ҳунар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

8 ноябр ҳунармандон ва дӯстдорони театр аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба ин боргоҳи ҳунар ташриф оварда, дар маросими истиқбол аз 80-умин солгарди таъсисёбии театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализода ширкат карданд.

Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода соли 1936 дар заминаи дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташкил ёфта, дар шакли дастаи худфаъолият амал мекунад. Аз соли 1987 ба номи театри мазҳака- мусиқӣ амал мекунад.  Барномаҳои нахустини театр аз суруду таронаҳои мардумӣ, рақсҳои дилошуби миллӣ ва асарҳои начандон калони драммавӣ иборат буд. Маҳсули аввалини ҳаҷман бузурги театр ин намоишномаи дуқисмаи «Дохунда» аз рӯи асари устод Садриддин Айнӣ буд.

Ба меҳмонони чорабинӣ дар саҳни театр порчаҳо аз намоишномаҳои маъруфе, ки дар давоми сол аз ҷониби ҳунарпешаҳои театр таҳия гардида буданд, нишон дода шуданд. Иҷрои рақсҳои мардуми Хатлон, Суғд ва Бадахшон аз ҷониби гурӯҳҳои рақсӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Ба табрики аҳли ҳунари ин боргоҳ,  махсусан вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло суханронӣ намуда, ба як қатор собиқадорон ва фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди театр ва ҳунари тоҷик нишони аълочии фарҳанг, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз шумори зиёди ситораҳои театр ва кинои кишвар аз қабили Лутфулло Далатзода, Қурбони Собир, Ортиқ Қодир ва дигарон ба табрики ҳамкасбони худ ба театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализода ташриф оварда, тӯҳфаҳо ва таманниёти худро тақдим намуданд.

Маросими таҷлили ҷашни 80-солагии театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо қироати шеърҳо ва таманниёти рангини меҳмонон то нимаи бегоҳ идома ёфт. Намоиши асари «Баҳори ваҳдат», ки бояд аз корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳри муттаҳидсозии халқ ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ нақл мекард, бинобар сабаби тӯлони давом кардани маросими тӯҳфасупорӣ ба саҳна гузошта нашуд.

Фараж

Добавить комментарий