Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маъракаи кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ оғоз ёфта, ҷараёни ин маъракаи муҳим беш аз пеш вусъати тоза мегирад. Дар давоми ду се рӯзи оғози маъракаи кишт, аллакай  дар майдони беш аз 1000 гектар замин кишт гузаронида шудааст, ки ин нишондод дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд аст.

Дар оғози бобарори маъракаи кишти ғалла, саҳми деҳқонони ғаллакори ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ назаррас буда, онҳо ҳар рӯзе аз нақшаи ҳаррӯзаи хеш бештар ғалла мекоранд. Дар ин радиф мутахассисону масъулони соҳа ба  деҳқонони ғаллакор пайваста тавсия медиҳанд, ки онҳо аз тухмиҳои босифату серҳосил ва ба ҳар гуна касалиҳо тобовар истифода карда, маъракаи  кишти тирамоҳии заминҳои обиро саривақт ба анҷом расонанд. Мақсади ғаллакорони минтақа гирифтани на камтар аз 50-60-сентнерӣ аз ҳар гектари заминҳои обист.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here