Сокинони шаҳри Кӯлоб дар баробари маҳдудияти қувваи барқ чанд вақт  боз аз “лимит”-и хариди он изҳори нигаронӣ  менамоянд. Тибқи гуфтаи онҳо идораи “Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб” “лимит”-и наверо дар хариди қувваи барқ ҷорӣ намудааст, ки тибқи он мардум наметавонад аз 50 сомонӣ зиёд барқ захира кунанд.

Муҳаммад Шарипов як сокинони шаҳри Кӯлоб дар шабакаи иҷтимоии фейсбук менависад: “имрӯз барои пур кардани корти барқӣ ба идораи “Шабакаҳои барқи шахри Кӯлоб” рафтам, дар ҳама кортҳои барқии мардум аз 50 сомонӣ зиёд қувваи барқ, яъне киловат, намегузаронанд.”

Барои пайгирии ин мавзӯъ хабарнигори “Фараж” дар минтақа бо муовини раиси ин идора Қутбиддин Масамиев сӯҳбат доир намуд. Масамиев дар сӯҳбат бо хабарнигори мо мавҷудияти лимити мазкурро тасдиқ кард ва шаҳр дод, ки сабаби ин маҳдудият дар пешгирӣ аз захираи қуввваи барқ аз тарафи сокинон мебошад. 

“Ба ҳама аллакай муълум аст, ки шурӯъ аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ  арзиши истифода аз нирӯи барқ 15 дарсад  боло рафта, як киловат соати он қариб ба 20 дирам баробар хоҳад шуд. Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои захираи барқ аз тарафи сокинон, чунин маҳдудият ҷорӣ гардидааст ва аз якуми ноябр мардум дубора метавонанд барқро мисли пештара харида захира кунанд”.

Ба гуфтаи муовини раиси идораи “Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб”,  дар шаҳр ба истиснои ҳолатҳои фавқулода ягон ҳолати хомӯш гардидани қувваи барқ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо бо сабаби корҳои таъмиру тармим  дар зеристгоҳҳои баландшиддат ва коҳиш додани бори трансформаторҳо барои қисме аз аҳолӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст, ки дар наздиктарин фурсат ба анҷом хоҳад расид.

Добавить комментарий