Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  890 иншооти дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд мегардад.

Тавре аз дафтари матбуотии Шаҳрдори Кӯлоб ба хабарнигори Фараж дар минтақа иттило доданд, соҳибкорони маҳаллӣ  ва  ашхоси саховатманди шаҳру деҳоти Кӯлоб ӯҳдадор гардидаанд то ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 истиқбол мегардад  831 адад иншооот бунёд намоянд.

Зимни як ҷамъомад вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба соҳибкорон ва ашхоси саховатманд супориш додааст, то роҳу пулҳои солҳо рӯи таъмир надидаи деҳу шаҳри худро таъмир ва асфалтпӯш карда, иншооти маданию маишӣ бунёд намоянд. Гуфта мешавад имрӯзҳо барои амалӣ намудани ин мақсад корҳои созандагӣ дар ҷӯшу хуруш аст ва ҳама баҳри он талош доранд, ки иншооти оғозкардаи хешро дар мӯҳлати муқарраршуда сохта ба истифода диҳанд.

Дар акс тарҳи бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб

Добавить комментарий