Шӯъбаи сарҳадии ФСБ дар минтақаи Новосибирск изҳор намуд, ки бинобар бо сабаби хушкшави кӯли Ширин он ба марзи сарҳади давлати Қазоқистон гузаштааст.

«Сокинони маҳалли олат карда буданд, ки  дар миёнаи ин кӯл марзи сарҳад ҷойгир буд ва онҳо барои сайд ба соҳили он мерафтанд. Аммо баьд аз аломатгузорӣ марзи  сарҳад дар замини маҳалла ишора шуд, маългум гардид, ки кӯл дар солҳои охир хушк шуда, ҳаҷми об ниҳоят кам аст ва марзи сарҳад аз соҳили кӯл мегузарад» — гуфтааст сухангӯи идоракунии сарҳад.

Бино ба иттилои манбаъ маъмурияти ноҳия ба аҳолии маҳаллӣ таъкид намудааст, ки дигар сайд кардан дар миёнаи кӯл қатъиян манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз Русия марзи сарҳадро ба Қазоқистон надодааст. Марзи сарҳадӣ дар ҷойи пешинаи худ қарор дорад.

Дар гузориши қаблии маъмурияти ноҳияи Купинск омадааст, ки пас аз аломатгузорӣ кӯл пурра ба қаламрави кишвари ҳамсоя гузаштааст. Аз Сафорати Қазоқистон иброз намудаанд, ки марзи сарҳад дар ҷои қаблиаш қарор дошта,  70:30 оби кӯл ду давлатро аз ҳамдигар ҷудо менамояд.

Добавить комментарий