Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки ҷасади ду нафарро аз даруни дарёву канал пайдо кардаанд.

Мувофиқи маълумоти КҲФ тибқи маълумоти шоҳид, як ҷавон, ки дар шафати Маҷмааи варзишии “Қасри тенис” хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми гузаштан аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби дарё ғарқ шудааст. Ин ҳодиса соати 18:30-и 16-уми апрел иттифоқ афтодааст. Гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ субҳи имрӯз ҷасади ҷавонро пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Бинобар иттилои КҲФ ҷавон  22-сола буда сокини ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд ва донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон будааст, ки дар хобгоҳи донишгоҳи мазкур истиқомат мекардааст.

Ҷасади дигарро 16-уми апрел дастаи махсуси  наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Хатлон аз канали воқеъ дар мавзеи Мардаксой берун оварда, ба мақомоти ваколатдор супурдаанд. Ин ҷасади зани 61-сола будааст ва оби канал аз назди хонаи марҳум мегузаштааст. Ин шахс аз 11-уми апрел нопадид шуда будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here