Ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова, ки бо пахши як навори видеоӣ  кормандони умури интизомии кишварашро таҳқир карда буд, аз кардаи худ пушаймон шуда, аз онҳо узр хостааст.

Усмонова бо пахши як навори  видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони ин ниҳоди кишварашро интиқод мекард. Ба гуфтаи ӯ онҳо аз интиқоли фаврии маводи овардаи ӯ, ки барои кумак ба  осебдидагони ҳодисаи обхезӣ дар вилояти Сирдарё таъйин шудааст, сарпечӣ мекунанд.

Дар навори видеоӣ гуфта мешуд, ки кормандони милиса ҳаргиз мӯъҷиби эҳтироми умум намебошанд, аммо баъдан вай аз ходимони умури интизомӣ маъзарат хостааст.

Бо вуҷуди ин  дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд, ки ин рафтори Юлдуз Усмонова мавриди таҳқиқ қарор дорад ва дар қиболи рафтор ва ҳарфҳои  ӯ ҳатман баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд.

“Аз рӯи ин ҳолат Садорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд барои баҳо додан ба ин рафтору кирдори Юлдуз Усмонова корҳои пурсуҷӯиву таҳқиқотӣ мебарад. Баъди натиҷагирӣ ва равшан сохтани мавзӯи мутазаккира ба айбдор дар доираи қонун чора дида мешавад”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти ВКД Ӯзбекистон.

Дар хабари мазкур гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса аз зумраи ходимони умури интизомӣ сардори гурӯҳи интиқоли маводи башардӯстона ба осебдидагони вилояти Сирдарё кӯшиш кардааст, ба Юлдуз Усмонова вазъияти воқеиро фаҳмонад. Вай гуфтааст, ки дар нимаи шаб ба ин вилоят интиқол додани мавод ба мақсад мувофиқ нест.

Ба гуфтаи ин ходими милиса онҳо ҳамаи маводи овардаи мардумро ин ҷо ҷамъоварӣ мекунанд ва танҳо рӯзона, бо ташкили  қатори махсуси мошинҳо ва роҳнамоии кормандони умури интизомӣ, ба Сирдарё бурда мерасонанд, аммо баъди шунидани таҳдиду ҳақоратҳои Юлдуз Усмонова ба вай эътибор надодаанд ва машғули кори худ шудаанд.

Бино ба изҳороти дафтари матбуоти ВКД нописандӣ нисбати кормандони умури интизомӣ ва гуфтани ҳарфҳои ҳақоратомез дар ҳақи онҳо ғайр аз бефарҳангӣ чизи дигар нахоҳад буд.

Маҳз ҳамин вокуниши кормандони милиса ба иззати нафси ситораи эстрадаи ин кишвар Юлдуз Усмонова расидаааст ва ӯро сахт ранҷондааст. Баъд вай мустақиман аз тариқи “он-лайн” барои беобрӯ кардани онҳо кӯшидааст.

Ин рафтори Юлдуз Усмонова дар Вазорати фарҳанг ва варзиши кишвараш низ вокуниши манфӣ ба бор овардааст. Бино ба гуфтаи ин вазорат кормандони умури интизомӣ дар ин шабонарӯзи мушкилафзо ва пур аз ҳодисаҳои гуногун  шабу рӯз машғули кору фаъолият ҳастанд.

Дар вокуниши Додгоҳи олии ин кишвар нисбати рафтори Юлдуз Усмонова омадааст, ки: “Дар баробари ба додгоҳ интиқол ёфтани парвандаи мазкур мурофиаҳои судӣ баргузор мегарданд ва он дар доираи қонун мавриди баррасӣ қарор мегирад”.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Добавить комментарий