Рӯзи 23-юми июн дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Шералиҷон» дар ноҳияи Ёвон, ҳангоми холӣ кардани сузишворӣ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа таркиш рух додааст.

Дар ин сухтор 8 нафар ҷароҳати сабук бардошта, як мошини боркаш ва зарфҳои сузишворӣ хароб шудаанд. Дар ин бора ба “Фараж” аз Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон хабар доданд.

— Сӯхтор рӯзи 23-юми июн, соати 13:30, ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи сӯхтор зарфҳои сӯзишворӣ таркидаанд. Барои хомӯш кардани сӯхтор чор нақлиёти оташхомушкунӣ сафарбар шуда, дар мудати як соат оташро пурра хомӯш карданд, — гуфт манбаъ

Хабар дода шуд, ки дар ин сӯхтор ва таркиш 8 нафар, аз ҷумла чор корманди  оташнишонӣ ва чор нафар аз сокинон захмҳои сабук бардошта, баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Хушбахтона, дар ин сӯхтор ва таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Зарари сӯхтор ҳоло муайян нашудааст. Мутахасисон рӯзҳои наздик ҳаҷми зарарро муайян хоҳанд кард.

Акси тавзеҳӣ аз интернет

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here