Дар шаш моҳи соли 2019-ум бо ташабуси мақомоти ноҳия, масъулони шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба қишри эҳтиёҷманди ҷомеа дар ҳаҷми бештар аз 1,2 миллион сомонӣ ёрии моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.

Дар ин бора имруз раиси ноҳияи мазкур Саидзода Ҷамшед дар нишасти матбуотиаш хабар дода гуфт, дар ин давра бо мақсади гирифтани ёрии иҷтимоӣ 2801 ариза ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ношҳия ворид гардидааст, ки аз он 185 ариза рад гардида, 2539 нафар шаҳрванд аз ёриҳои иҷтимоӣ бархурдор гардидаанд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки айни замон беш аз 77 ариза дар ин самт мавриди омӯзиш ва коркард қарор доранд.

Добавить комментарий