Табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон музди маоши моҳи  апрел ва майро нагирифтаанд, ки ин ҳолат онҳоро нигарон кардааст.

Як корманди беморхонаи марказии ноҳия Ёвон, ки нахост номаш зикр шавад, ба мо гуфт аз моҳи апрел инҷониб маош нагирифтаанд ва ҳоло, ки иди Рамазон омадааст, намедонад, бо кадом пул харид кунад.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳосиби беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон Холбек Аннақулов ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки дар ҳақиқат аз моҳи апрел инҷониб наздики 900 нафар табиби беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон маош нагирифтаанд.

— Маблағи моҳи апрел, ки табибони беморхона нагирифтаанд, беш аз 650 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — илова кард ӯ.

Зимнан, ба иттилои масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ҳоло омӯзгорони 38 муассисаи таълимӣ дар ин ноҳия аз моҳи апрел аст, ки маош нагирифтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here