Соли гузашта дар ноҳияи Ёвон 7768 кӯдак ба дунё омадааст, ки аз он 81 нафар мурда таваллуд шуда, 49 нафари дигар баьди таваллуд фавтидаанд.

Мудири бахши навзодони шуьбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон Нурулло Холиқов гуфт, ки сабабҳои фавти кӯдакон зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми ҳомиладорӣ, ғизои носолим ва дигар омилҳо ба шумор мераванд.

Манбаъ гуфт, соли гузашта 48 ҳолати дар шароити хона ба дунё омадани тифлон дар ноҳияи Ёвон ба қайд гирифта шудааст.

— Табибони ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳи огоҳии мардумро боло баранд, то чунин омилҳо аз байн раванд., — гуфт Холиқов.

Добавить комментарий