Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дирӯз бо як қарор амр кард, ки бо мақсади таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, шахсони яккаву танҳо ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ёрии моддӣ расонида шавад.

Дар қарор гуфта мешавад, ки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур – Билол И., Исмоили Сомонӣ — Самӣ Ш., Фирдавсӣ – Юсуфӣ М., Сино -Салимзода Н.) дар таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани ёрии моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат кунанд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 945 800 (чор миллиону нуҳсаду чилу панҷ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ, ҷиҳати расонидани ёрии моддӣ, аз ҷумла 226 800 (дусаду бисту шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маблағи 4 719 000  (чор миллиону ҳафтсаду нуздаҳ ҳазор) сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here