Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлати Кувайт ба 300 нафар ниёзманди шаҳри Душанбе дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дасти ёрӣ дароз кард.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандон орд (50кг), равғани растанӣ (5 литр), биринҷ (3 кг), шакар (3 кг), макарон (3 кг), лубиё (3 кг), наск (3 кг), нахӯд (3 кг), марҷумак (3 кг), чойи қоқ (чойи сиёҳ — 500 гр., чойи сабз — 500 гр.), намаки йоднокшуда (2 кг) аз ҷумла ба шахсони камтавон, дардмандон, пиронсолони яккаву танҳо ва дигар ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе (Сино, Фирдавсӣ, Сомонӣ ва Шоҳмансур) таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ расонд. Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки аз 27-уми апрел то 7-уми майи соли равон ин ҷамъият ба ниёзмандони шаҳрҳои Душанбе (800 нафар), Хуҷанд (900 нафар), Ҳисор (900 нафар), Ваҳдат (900 нафар), ноҳияҳои Рӯдакӣ (900 нафар), Варзоб (800 нафар), Восеъ (900 нафар), Темурмалик (900 нафар), Данғара (900 нафар), Шаҳринав (900 нафар), Панҷ (800 нафар) ва Вахш (900 нафар) чунин ёрӣ мерасонад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлатиКувайт яке аз шарикони рушди ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, дар соли 2017 низ аз ҷониби ин ҷамъияти миллӣ ба 900 оилаи осебдидаи ҳодисаҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёрӣ расонида шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here