Артиши Эрон субҳи 11 январ иқрор шуд, ки ҳавопаймои мусофиркашонии украинӣ “Boeing 737”, бо сабаби наздик парвоз кардан ба макони низомии посдорони Инқилоби исломии Эрон, ҳангоми оғози партофти мушак ба он бархурда, ба фалокат дучор шудааст. Вақти парвози ҳавопаймои украинӣ қувваҳои мусаллаҳи Эрон тасодуфан онро мавриди ҳадаф қарор додаанд, омадааст дар баёнияи артиши Эрон.

Идораи генералии артиш таъкид кардааст,  ки хатои “фоҷиабор” бо шиддат гирифтани муносибатҳои Эрону ИМА ба амал омадааст. Рӯзи 8 январ артиши Эрон ба ду пойгоҳи низомии ИМА дар Ироқ мушакҳои балистикӣ партоб кард. Ин мушакпартоӣ интиқом ба марги фармондеҳи баландрутбаи артиши Эрон Қосим Сулаймонӣ буд, ки 3 январ аз тарафи мушакҳои бесарнишини низомиёни ИМА кушта гардида буд.

Агентии Амнияти авиатсионии Аврупо аз ширкатҳои авиатсионии Иттиҳоди Аврупо  хостааст, ки аз парвоз дар фазои Эрон худдорӣ кунанд.

Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо аз Эрон талаб кард, ки масъулияти комилро дар инфиҷори ҳавопаймои Украина ба дӯш гирад.

“То он даме ки Канада масъулият, адолат ва қаноатмандие, ки оилаҳо сазоворанд, ба даст наорад, ором намешавад”,-  гуфт Трюдо дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон.

Вай афзуд, ки бисёре аз эрониёну канадагиҳо, ки дар ҳавопаймои украинӣ суқут карданд, мехостанд аз режими худкомаи Эрон ба Канада фирор кунанд.

Президенти Украина ба он интизор аст, ки масъала пурра таҳқиқ шуда, ҷуброни суқути ҳавопаймо аз Эрон талаб карда мешавад.

Дар робита ба ин “хатои инсонӣ” президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский гуфт, ки ҳодиса таҳқиқ шуда, афроди гунаҳкор муҷозот хоҳанд шуд.

Роҳбари Ҷунбиши сабзи опозитсионии эронӣ Меҳдӣ Каррубӣ хостори истеъфои роҳбари олии Эрон шудааст. Дар як эъломияе, ки дар интернет нашр шудааст, Каррубӣ аз Хоманӣ пурсидааст, ки чаро роҳбарияти Эрон дар огоҳ кардани мардум аз сабабҳои инфиҷори ҳавопаймои украинӣ таъхир кардаанд?

“Мақомоти Эрон ба баъзе оилаҳои қурбониёни ҳавопаймои украинӣ ҳушдор додаанд, ки агар онҳо ҷасади наздикони худро ба даст овардан хоҳанд, набояд бо расонаҳои хориҷӣ ва форсизабон мусоҳиба кунанд”, – омадааст дар хабарномаи шабакаи телевизионии Iran international.

Бо он, ки мақомоти Эрон роҳи макони инфиҷори ҳавопайморо баста, он ҷойро бо булдозер ҳамвор кардааст, коршиносони масоили авиатсионӣ таҳқиқи ҷойи ҳодисаро зарур мешуморанд.

– Тафтиши мустақил барои муайян кардани пайдарҳамии рӯйдодҳо муҳим аст, то саволҳо дар бобати инфиҷори ҳавопаймо муайян шавад, – таъкид кардааст коршиноси масоили марбут ба авиатсия Ҷон Блекланд.

Дар назар аст, ки оилаҳои қурбониён тибқи қонунгузории авиатсионии Монреал аз ширкати ҳавопаймои украинӣ ҷубронпулии молиявӣ гиранд. Дар ин бора хабаргузории “Global”-и Канада бо такя ба хулосаи коршиносон иттилоъ додааст.

“Тибқи Конвенсияи Монреал як ширкати ҳавопаймоӣ  тамоми зарареро, ки оилаи ҷабрдида исбот карда метавонад, бояд пардохт кунад. Он метавонад вобаста ба синну сол ва вазъи молиявии шахс фарқ кунад. Бидуни муҳокима ҳадди ақали ин ҷубронпулӣ на кам аз 230 ҳазор долларро ташкил медиҳад”, – гуфтааст ба хабаргузории Global ҳуқуқшиноси канадагӣ Ҷо Фиоранте, ки дар татбиқи қонуни авиатсионӣ иштирок дошт.

Дар ҳамин ҳол давлате, ки боис ба инфиҷори ҳавопаймо гардидааст, яъне Эрон, масъул аст, ки ҷубронпулиро ба наздикони қурбонгардида пардохт кунад.

Як мисоли таърихӣ вуҷуд дорад, ки оилаҳои қурбониёни инфиҷори ҳавопаймои украинӣ метавонанд аз рӯйи он аз Эрон адолатро тақозо кунанд.

Моҳи июни соли 1988 ҳавопаймои Эрон ҳангоми парвоз аз рӯйи баҳри Ҳурмуз ба мушаки аз киштии ИМА партобшуда бархӯрд, ки дар натиҷа 290 нафар ҳалок гардиданд. Он замон мақомати Эрон алайҳи ИМА шикоят кард. Бино ба исботи парванда, ИМА соли 1996 ба оилаи қурбониён 61,8 миллион доллар ҷубронпулӣ пардохт намуда буд.

Бар асари ҳалокати ҳавопаймои “Boeing 737”, ки 8 январи соли 2020 дар фурудгоҳи Теҳрон ба вуқуъ пайвас,т 63 шаҳрванди Канада, 82 эронӣ ва мусофирони дигар аз Украина, Шветсия, Афғонистон, Олмон ва Британия, ба ҳалокат расиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here