Насим Файзуллоеви 18-сола, яке аз ду ҷавоне, ки бар асари таркиши мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser» дар таъмиргоҳи «Автоколонна 2927» бо 95 дарсади ҷароҳати сӯхтаи бадан дар Маркази шаҳрии клиникии рақами 3 бистарӣ шуда буд, даргузаштааст.

Нарзулло Саидраҳмонов, амаки марҳум имрӯз, 8-уми июл дар суҳбат ба «Фараж» хабари даргузашти ҷияни ҷавонмаргашро тасдиқ карда, гуфт, ҳодиса 7-уми июл, тахминан соатҳои 16 ба 17 ба вуқуъ пайвастааст.

— Насим то нафаси охирин гап мезад ва дарди ҷонсӯзи баданаш нола мекард. Насим писари додарам Абдулло Саидраҳмонов буд, ки дар деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунад. Марҳумро ба зодгоҳ бурданд ва дирӯз дар қабристони деҳа дафн карданд, — гуфт Нарзулло Саидраҳмонов, амаки Насими ғуррамарг.

Ба гуфтаи мавсуф, мақомот вобаста ба ҳодиса нисбат ба бародараш Сайфулло Саидраҳмонов парванда оғоз кардааст ва маводҳоро Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе месанҷад.

Табиби бемористони мазкур Тоҳир Зубайдов гуфт, табиби олмонӣ аз вазъи саломатии ҷавони дигар Мурод Файзуллоеви 19-сола, ки бо 75 дарсади сӯхтаи бадан бистарист, хабар гирифтааст ва онро вазнин арзёбӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки таркиши мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser», ки боиси бо ҷароҳатҳои зиёди сӯхтаи бадан дар Маркази шаҳрии клиникии рақами 3 бистарӣ шудани ду ҷавони 18 ва 19-сола гардид, субҳи рӯзи 4-уми июл, дар нуқтаи таъмири нақлиёт, дар «Автоколоннаи 2927» рух дод. Замони ба ҷои ҳодиса расидани мо ин макон аллакай рӯфтаву обзада ва аз мошини сӯхта танҳо замини сиёҳшуда боқӣ монда буд. Масъулин пас аз ҳодиса дари ҳама устохонаҳоро баста буданд. Шоҳидон дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, таркиш пас аз он рух дод, ки устои таъмиргар дар наздикии махзани сӯхти (бак) мошин бо арраи барқӣ кор мекардааст. Дар натиҷаи паридани шарора, мошин оташ гирифта, то расидани сӯхторхомӯшкунандагон пурра сӯхтааст. Мошин бо таҷҳизоти газӣ низ муҷаҳҳаз будааст, ки он ҳам таркидааст.

Нарзулло Саидраҳмонов – падари Мурод они замон дар суҳбати телефонӣ гуфт, соҳиби мошин Сайфулло Саидраҳмонов бародараш мебошад, ки дар роҳи Душанбе-Помир кирокашӣ мекунад. «Ӯ субҳи барвақт аз Бадахшон ба Душанбе расида буд. Насим Файзуллоев хешамон аст, ӯ барои имтиҳонсупорӣ ба Душанбе омада буд».

Сардори «Автоколлонаи 2927» Хуршед Хизиров дар суҳбат аз ҷузъиёти бештари ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, танҳо гуфта буд, ки сабабгори сӯхтор худи ронанда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here