Дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши куҳпораи азим ба амал омада, дар натиҷаи ин ҳодиса як қисмати роҳ фурӯ рафтааст. Дар ин бора сухангӯи IRS Далер Мерганов ба faraj.tj иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур субҳи имрӯз соати 6:00 рух додааст.

Айни замон ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуда, дар назар аст, ин ҳолат дар давоми як соат бартараф шавад.

“Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бартарафсозии куҳпора идома дорад ва дар назар аст ин ҳолат дар давоми як соат бартараф карда шавад”, — афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки фурӯравии ин ҳодиса бори аввал набуда, моҳи июни соли 2018 низ як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ дар ноҳияи Айнӣ пурра фурӯ рафта буд.

Добавить комментарий