Субҳи имрӯз гуруҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Ҷопон таҳти раӣёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба Токио сафар карданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, сафари мазкур бо даъвати расмии раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима сурат гирифтааст. Ба ҳайат ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода шомиланд.

Ҳайати мазкур зимни ин сафари расмӣ бо раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима, раиси гуруҳи дустии байнипарлумонии Ҷопон — Тоҷикистон ва дигар ашхоси расмӣ мулоқот намуда, дар ҷаласаи кори гуруҳи дустии байнипарлумонии ҳарду кишварҳо иштирок менамояд.

Ҳайати гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумонии Ҷумҳурии Ҷопон ҳамчунин рӯзҳои 5-6 марти соли ҷорӣ аз шаҳрҳои Киото , Осака ва Ҳирошимо дидан намуда бо ҳамватанони мо-донишҷуёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил менамоянд мулоқот менамоянд.

Добавить комментарий