То панҷ рӯзи дигар мо шоҳиди нахустин бозии дастаи меҳварии кишвар – «ИСТИҚЛОЛ»-и Душанбе, дар фасли нави футболи имсол хоҳем шуд. Дидори муҳимму ҳассос – бозии муҷаддамотии Ҷоми Лигаи қаҳрамонони Осиё – 2020 бо «Локомотив» -и Тошканд; «ИСТИҚЛОЛ» дар меҳмонӣ ба майдон меояд ва танҳо як рақобат дар назар дошта шудааст, ҳар кудоме агар бохт, аз саҳна канор хоҳад рафт.

Аммо дар остонаи ин рақобат чанд пурсиш пеш омада ки шояд ҳаводорони «ИСТИҚЛОЛ» то ҷое интизори посухи равшан бошанд: Оё «ИСТИҚЛОЛ» ба ин рақобати муҳимм тадоруки комил дидааст ва дар мавсими нав бо чӣ бизоате бо намояндагӣ аз кишвар майдондорӣ мекунад? Киҳо аз ин даста, ба истилоҳ, рафтаанду киҳо ҷалб шуда бошанд? Машқу тамрини мавсимро чӣ гуна ва дар куҷоҳо анҷом дода? То ин дидори расмӣ чанд мусобиқаи тадорукотӣ доир карда ва бо кадом нақшаву нийят акнун вориди майдони Тошканд хоҳад шуд?…

Дар зимн, барои чӣ аз рафти тайёриҳои мавсимии умуман дастаҳои лигаи бартари кишвар – ҳамчун ХУҶАНД ва ХАТЛОН ва ПОМИР ва… ҳич хабару ҳич ташвиқу ҳич масъалагузорӣ расонаӣ намешавад? Магар ин фазои бехабарӣ ба фоида кор аст? Ҳол он ки бозтоби вазъи воқеии футбол дар расонаҳои кишвар аз муҳиммтарин корҳо баҳри рушди футбол ба шумор меравад.

Аммо дидори «ИСТИҚЛОЛ»-ро дар Тошканд мухлисон акнун интизоранд, аз дастаи пешгоми Тоҷикистон умеди рақобати шоёну арзандаро доранд…

Обид Шакурзода

Добавить комментарий