Клуби футболи “Истиқлол”, ки дар анҷоми чемпионати Тоҷикистон ғолиб омад, дар мавсими нав барои бори аввал дар маъруфтарин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ- Лигаи чемпионҳо иштирок мекунад.

Барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа чемпиони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ аввал бар клуби АГМК аз Ӯзбекистон ва баъдан дар марҳилаи плей-офф бар клуби “Ал-Наср” аз Арабистони Саудӣ ғолиб ояд.

Конфедератсияи футболи Осиё 14 ноябр, федератсияҳои миллиро дар бораи тартиби баргузории марҳилаи муқаддимотии мусобиқа бохабар сохтааст.

Чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи якуми муқаддимотӣ бояд бо дастаи футболи “Ал-Муҳаррақ”-и Баҳрайн рақобат мекард, аммо бо сабаби аз талаботи литсензиядиҳӣ нагузаштани клуби футболи баҳрайнӣ, “Истиқлол” баромадашро аз марҳилаи дуюми муқаддимотӣ шурӯъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Истиқлол” барандаи Ҷоми Ӯзбекистон, клуби футболи АГМК мебошад. Бозӣ рӯзи 12 феврал дар шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар сурати ба комёбӣ расидан дар ин бозӣ, дастаи кишвари мо дар марҳилаи плей-оффи мусобиқа барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 19 феврал, дар сафар бо клуби футболи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ қувва меозмояд.

Дар ҳолати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 роҳ ёфтани “Истиқлол”, клуби футболи “Регар-ТадАЗ”, ки имсол дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми чорумро касб кард, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 роҳ меёбад. Дастаи футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ин мавсим ҷои сеюмро дар Лигаи олӣ ишғол кард, аз тартиби литсензиядиҳии бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиёро нагузаштааст.

Добавить комментарий