Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе маротибаи 7-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард ва соҳиби 30 000 сомонӣ шуд.

Дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2018, ки 27 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, “Истиқлол” бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Комрон Турсунов ба ҳадаф расонда, беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дониста шуд.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2018 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар баробари медали тилло, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30000 сомонӣ дарёфт кард. “Регар-ТадАЗ” соҳиби медали нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20000 сомонӣ гардид.

Ҷоми Тоҷикистон-2018. Финал

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Комрон Турсунов, 60.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Артем Барановский, Сиёвуш Асроров, Шаҳром Сулаймонов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷурабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 86).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Бахтиёр Қаландаров, Ойбек Абдуғаффоров, Акбар Бобомуродов, Сафаралӣ Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Шерзод Маҳмадиев, 71), Хайрулло Азизов, Фарҳод Холбеков, Ҳикматулло Расулов, Амирҷон Сафаров (Парвиз Қурбоналиев, 64).

27 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 15 145 тамошогар.

Добавить комментарий