Агентии Испания оид ба ҳифзи иттилооти шахсӣ шабакаи Фейсбукро ба маблағи 1,2 млн евро ҷарима кард.  

 

Гуфта мешавад, ки ин шабака маълумоти шахсиро дар бораи истифодабарандагон бе розигии онҳо ҷамъоварӣ намудааст. Чӣ гунае, ки AFP хабар медҳад, шабакаи иҷтимоӣ ба истифодабарандагон дар бораи ҷамъоварии маълумот, инчунин, оид ба он ки чӣ гуна ин маълумот истифода мешавад, хабар надодааст.

Фейсбук иттилоъ дар бораи “идеология, ҷинсият, эътиқодҳои динӣ, ихтиёрии шахсӣ” ва кадом шабакаҳоро корбарон истифода мебаранд, ҷамъоварӣ кардааст. Маълумот бидуни огоҳии пешакӣ ба истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоӣ гирифта шудааст. Маълумоти гирифтаро Фейсбук барои истифодаи рекламаи шахсии худ бе гирифтани иҷозатномаи ҳуқуқӣ истифода бурдааст.

Агентии Испания эътироф мекунад, ки ин ширкат навиштаҳои шахсии истифодабарандагонро ҳам дар шабакаи иҷтимоӣ ва ҳам дар шабакаҳои интерентӣ, ки ба он ҷо ворид шудаанд, пайгирӣ мекунад. 

Тибқи гуфтаи Агентии оид ба ҳифзи иттилооти шахсӣ, Фейсбук дар давоми ду моҳ метавонад, нисбати ин агентӣ вокуниш нишон диҳад. “То ҳол аз ҷониби ширкати AFP дар ин маврид шарҳу эзоҳе нест”, — гуфтааст Агентии Испания.  Шикоятҳои ба ин монанд дар бораи амалҳои Фейсбук аз ҷониби истифодабарандагон зери назорати қатъӣ қарор дорад, қайд мекунад Deutsche Welle.

Бино ба гузоришҳо дар семоҳаи дуюми соли 2017 аудиторияи фейсбук ба ҳисоби миёна 17% афзоиш ёфта, ба 2.01 миллиард нафар расидааст. Шумораи алоқамандони ин шабакаи иҷтимої рӯзона 17% буда, то ба 1,32 миллиард нафар расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here