Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дирӯз, 11-уми ноябр, дар чорабиниҳои ёдбудӣ бахшида ба Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918 иштирок намуданд.

Ин чорабиниҳо дар мавзеи Аркаи триумфалии шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардида, дар он сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми даҳҳо кишвари дунё иштирок намуданд.

Дар силсилаи чорабиниҳои идона гузашти низомӣ, дақиқаи хомӯшӣ, иҷрои “Марселиеза” ва дигар суруду оҳангҳо, барафрохтани оташи ҷовидонӣ дар назди мақбараи сарбози номаълум ба нақша гирифта шуда, инчунин Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ суханронӣ намудааст.   

Як рӯз қабл аз оғози чорабинӣ, 10-уми ноябр дар Осорхонаи Орсэи шаҳри Париж ба муносибати ташрифи меҳмонон намоишгоҳи асарҳои рассоми машҳур Пабло Пикассо баргузор гардид.

Дар ҳошияи иштирок дар намоишгоҳи мазкур Шукурҷон Зухуров бо як зумра роҳбарони ҳайати кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Президенти  Фаронса Эммануэл Макрон мулоқоти судманд анҷом дода, ҳамчунин, дуруду саломи Президенти  кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонданд.

Президенти Фаронса барои пазируфтани даъват ва иштироки ҳайати воломақоми Тоҷикистон дар чорабиниҳо ба ҷониби Тоҷикистон изҳори ташаккур кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here