Донишмандони рус дар ҳоли тавсеаи як системи ташхиси экспрессии мунҳасир ба фарди COVID-19 ҳастанд, ки навид медиҳад сареътарин суръати кашфи короновирус дар ин кишвар бошад. Кулли таҷзия ва таҳлил танҳо даҳ дақиқа тӯл хоҳад кашид.

Биотехнологҳо аз молекулаҳои пептидӣ истифода кардаанд, ки аз назари сохторӣ шабеҳ ба «дарвозаи вуруди» коронавирус ба силлулҳои инсонӣ ҳастанд. Агар вирус дар намуна вуҷуд дошта бошад, онҳо ба пептидҳо «васл мешаванд» ва ба ёрии дастгоҳи нурӣ метавонед, фавран дурахши нурбори онҳоро бинед. Ҳамчунин, барномарезӣ шудааст, ки молекулаҳои эҷодшуда дар дармони зидди вирусӣ истифода шаванд. Дар асоси он марҳам ва испрейҳое, сохта мешаванд, ки онҳо намегузоранд генҳои беморизо ба бадан нуфуз кунанд, зеро ҳуҷайраҳои вирусро нигоҳ дошта, онҳоро аз тавоноии иттисол ба ҳуҷайраҳои эпителии инсон маҳрум мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here