Ҳамасола дар мавсими тирамоҳӣ ва баҳории даъвати хизмати ҳарбӣ, маҷбуран сафарбарнамоии ҷавонон ба артиш сабаби норозигии сокинони кишвар мегардад. Муносибати дағалонаи кормандони комисариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо мавҷи эътирози волидайни ҷавононро ба миён меорад.

Тибқи як фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки 4-уми март содир гардида буд, Вазорати мудофиа муваззаф шуд, то даъвати ҷавононро дар давоми моҳҳои апрел ва май ба артиш пурра таъмин намояд.

Дар даъвати баҳории имсола, шумораи ҷавонони ихтиёран ба сафи артиш пайваста дар шаҳри Исфара, бо фарқ аз солҳои қаблӣ зиёд буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара 1-уми апрел дар майдони марказии Исмоили Сомонии шаҳр  74 нафар ҷавони синни даъватии деҳаҳои Чоркӯҳ ва Ворух ба ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ пайвастанд.

— Дар маъракаи гусели наваскарон шаҳрдори Исфара Сулаймонзода Акрам иштирок намуда, гуфт “алакай шумораи дар меъёри даъватӣ муқараршудаи даъватшудагон аз комиссияи тиббӣ гузашта, барои сафарбарнамоӣ омода ҳастанд”, — хабар дод роҳбари маркази матбуоти шаҳрдори Исфара Иқбол Илёсзода.

Сокини деҳаи Чоркӯҳ Сарҳадшоҳи Ватанзод дар сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки дар гузашта маъракаи даъват ба тариқи “облава” то 2 моҳ кашол меёфт.

— Вале муноқишаҳои охири марзӣ, ки байни сокинони Воруху Чоркӯҳ ва кишвари ҳамсоя Қирғизистон ба вуқуъ пайваст сабаби дилгарм шудани ҷавонон ба артиш гардид, — таъкид кард Сарҳадшоҳи Ватанзод. – Онҳо дарк карданд, ки хизмат ба Ватан маҳз аз ҳимояи зодгоҳ ва оилаву пайвандон оғоз мешавад.

— Аз 74 нафари ба хизмат пайваста 37 нафари онҳо ҷавонони Чоркӯҳ буданд, — гуфт ин сокини шаҳри Исфара.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here