Чанд рӯзи охир бистаришавии беморон дар Маркази саломатии №1 шаҳри Душанбе, бар асари бемории илтиҳоби шуш зиёд гардид. Аллакай дар ин бемористон тибқи иттилои расмӣ 6 нафар бар асари бемории пневмония ё илтиҳоби шуш вафот кардаанд.

Субҳи имрӯз журналисти тоҷики муқими Олмон Додоҷон Атовуллоев аз бистаришавии донишманд ва овозхони тоҷик Абубакр Зубайдов дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский”-и пойтахт дар саҳифаи Фейбукиаш хабар дод.

Додоҷон Атоулло навиштааст , ки “имшаб хабар омад, ки рӯзи душанбе дӯсти овони бачагиям, ҳамдилу ҳамрозам, донишманд ва овозхони машҳур дар сабки классикӣ Абубаур Зубайдовро бо нишонаҳои коронавирус ба бемористони “Якум Советский” бурдаанд”.

Журналист умед бастааст, ки дар наздиктарин фурсат сиҳати бемор беҳтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ додааст, ки то ҳанӯз дар Тоҷикистон вируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here