Баъд аз наздики панҷ моҳи баргузории интихоботи пуршури президентии Афғонистон барандаи он эълон гардид.

Бино ба иттилои телевизиони “Тулуъ”-и кишвари Афғонистон, бо касби 50,64 дарсади овозҳо президенти пешин Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот гардидааст ва боз барои панҷ соли оянда ба курсии президентии давлати исломии Афғонистон такя задааст. Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ бошад, дар ин сабқат мақоми дуюмро касб кардааст, ки 39,52 дарсад ё раъйи 720 ҳазору 841 шаҳрвандони кишварашро ба даст овардааст.

Роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон” Гулбуддин Ҳикматёр дар мақоми сеюм қарор дорад ва 70 ҳазору 241 раъй баробар ба 3,85 фоизи овозҳои интихобкунандагонро аз худ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28 сентябри соли гузашта баргузор шуд, ки номзадони аслии он президенти қаблии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи Ваҳдати миллии ин кишвар доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ буданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here