Бино ба гузориши расонаҳо иртиботи интернетӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Бадахшон қатъ шуда ва ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ низ дар ин маврид тавзеҳ намедиҳанд. Сокинони ин манотиқ гуфтаанд, ки дигар наметавонанд бо бастагони хеш дар хориҷ аз вилояти Бадахшон аз тариқи паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамос бигиранд.

Онон мегӯянд, ки пас аз баргузории таҷаммӯи эътирозии сокинони шаҳри Хоруғ дар рӯзи 7 ноябр суръати интернет коҳиш ёфта ва чанд рӯзе аст, ки ба таври комил қатъ шудааст.

Бо ин ҳол, ширкати фароҳамгари хадамоти интернетии Tcell, ки масъулияти таъмини иртиботи интернетӣ дар вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дорад, ба тозагӣ дар шабакаи Фейсбук ба дархости сокинони ин минтақа барои тавзеҳ додан дар бораи далели қатъи интернет навиштааст: “Интернет дар вилояти Бадахшон ба далоиле, ки ба мо вобаста нест, қатъ гардида ва аз ин бобат аз муштариён маъзарат мехоҳем. Умедворем, ки ба наздикӣ иртиботи интернетӣ дубора барқарор гардад”.

Добавить комментарий