Клуби футболи “Истиқлол»-и Душанбе барои ширкат дар бозии ҷавобии нимфинали байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Серес Негрос» 10-уми сентябр ба шаҳри Баколоди Филиппин рафт.

Сайти расмии клуби футболи “Истиқлол” хабар медиҳад, ки даста дар меҳмонхонаи “Тhe Sugarland Hotel” қарор дорад. Ҳайати даста аз 18 нафар иборат буда, 10-уми сентябр, тамрин аввалини худро анҷом дод. 11-уми сентябр, пеш аз бозӣ нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиён ва бозигарони ҳарду даста доир шуд.

Сармураббии “Истиқлол” Муҳсин Муҳаммадиев дар нишаст гуфт, ки бозии ҷавобӣ ба андешаи ӯ мушкил мешавад. “Мо дастаи “Серес”-ро эҳтиром мекунем ва хеле ҷиддӣ ба бозии ҷавобӣ омода шудаем. Мо ғалабаи бозии якум ва чор голро сарфи назар карда, бозӣ хоҳем кард. Бигзор бачаҳо чунин бозӣ кунанд, ки гӯё ҳисоб 0:0 аст”, — гуфт Муҳаммадиев.

Бозии ҷавобии нимфинали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Серес Негрос» ва “Истиқлол” имрӯз, 12-уми сентябр, дар Баколод, дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум», соати 16:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here