Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо фаромадани меғ (туман) дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона  +3+8 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15 ва рӯзона -0-6 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳаво абрнок   шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8    метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона аз 9+14    дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок    дар назар буда,  дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +17+22   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани меғ дар назар аст.  Дамои ҳаво шабона -0+5 ва рӯзона ба +14+19 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, ҳаво шабона +1+3  ва рӯзона +16+18  дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий