Имрӯз, ҷумъа, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи Душанбе аз намозгузорон даъват кардаанд, ки дар рӯзи иди Қурбон, ки ба 1-уми сентябр – оғози таҳсил дар мактабҳо, рост меояд, фарзандонашонро ба мактабу донишгоҳҳо фиристанд.

Имомхатибон гуфтаанд, ки идро касе бекор накардааст ва чун он мувофиқи қойида се рӯз ҷашн гирифта мешавад, дар рӯзи аввали он, ки ба 1-уми сентябр рост меояд, таълимгирандагони мактабҳои миёна ва олӣ бояд ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Идро метавонанд, ки дар рӯзҳои минбаъда – шанбеву якшанбе, ҷашн гиранд. Бо ин роҳ ҳам ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ҳам идро ҷашн хоҳанд кард.

Имомхатибон, ҳамчунин, аз намозгузорон даъват кардаанд, ки идгардаки кӯдаконро зери назорат гиранд ва нагузоранд, ки онҳо аз маҳалли худ дур раванд. ИА «АП» аз қавли омӯзгорони пойтахт менависад, ки барои онҳо 1-уми сентябр рӯзи корӣ эълон шудааст, аммо аз Вазорати маориф ва илм гуфтаанд, ки алҳол ин масъала мушаххас нашудааст. 

Добавить комментарий