Аз 24-ум то 30-юми апрели соли равон дар ҳама кишварҳои аъзои Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” гузаронида мешавад.

Дар доираи ин чорабинӣ Тоҷикистон низ, ҳамчун узви ТУТ, ташаббусро дастгирӣ карда, тӯли ҳафтаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро миёни аҳолӣ барои иммунизатсия, ки аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ аст, роҳандозӣ мекунад.

Аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” ҳамчунин, барои қадрдонии кори қаҳрамонҳои он — ашхоси оддие, ки бо воситаҳои гуногун саҳми худро дар муҳофизати ҳаёти инсонҳо бо ёрии ваксинаҳо мегузоранд, олимоне, ки ваксинаҳои бехатар ва самаранокро ихтироъ мекунанд, волидайне, ки иммунизатсияро барои кӯдаки худ интихоб мекунанд, шахсоне, ки маълумоти дақиқро оид ба ваксинаҳо дар асоси маълумотҳои воқеӣ пайдо мекунанд, сабаб мегардад.

Бино ба маълумоти Муассисаи мазкур, “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия”-и имсола зери шиори “Пешгирӣ кардан, муҳофизат намудан иммунизатсия кардан” баргузор мегардад ва ҳадафи асосияш баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ мебошад.

Мутахассисони соҳа иммунизатсияро сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар давоми ҳаёташон унвон мекунанд ва таъкид месозанд, ки маҳз бо шарофати ваксинаҳо аксари кӯдакон ва калонсолон бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here