Чунин ба назар мерасад, ки дастури раиси пешини шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи озод кардани гирду атрофи биноҳои баландошёна аз симтуру сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва аз байн бурдани либосовезакҳои сокинон, ки ба ҳусни шаҳр латма мезад, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Пайгирӣ накардани ин ташаббус ва нагузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин ба он оварда расонидааст, ки бархе аз бошандагони баландошёнаҳои навсохт низ даст ба чунин кор задаанд.

Бинои истиқоматӣ, ки дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе аз самти шаҳри Бохтар нахустин бино аст, қариб як сол қабл ба истифода дода шудааст. Тибқи дастури Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар биноҳои баландошёнаи нав «балкон»-ҳо аз байн бурда шуда, ба ҷойи он «лоджия» бунёд мегардад. Бо вуҷуди доштани «лоджия», ки барои хӯшконидани либос ҳам махсус пешбинӣ мешавад, бархе аз сокинони ин бино худсарона либосовезакҳояшонро берун аз он насб кардаанд. Ин саҳна, ки аз нигоҳи аввал маъмулӣ ба назар мерасад, вале хилофи қавонини шаҳрдорист.

Ҳамчунин, шаҳрдории Душанберо мебояд, дар баробари бунёди майдончаҳои варзишии замонавӣ дар шаҳр ташаббуси аз байн бурдани сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва забти худсаронаи қитъаҳои замини назди биноҳову кандани симтурҳо фаромӯш насозад. Тоза кардани ирду атрофи биноҳо аз чунин забткориҳо агар дар қадами аввал ҳусни шаҳрро зеб диҳад, баъдан барои иҷрои баъзе корҳои рӯзмарраи кормандони идораҳои коммуналӣ монеа эҷод нахоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here